И. Сатторӣ: «Барои пешгирии паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешид!»
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди доимии ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо, мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироати кишоварзӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Клуби миллии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони филиалҳои назди МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва МД «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ иброз дошт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи истеъмолӣ, афзун намудани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифат вазифаҳои асосии Вазорат ба ҳисоб мераванд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ- ин пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад.
Бо мақсади пешгирии касалӣ ва ҳашароти зараррасон соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 23 ҳазору 394 литр заҳрдоруҳо, 95 адад дорупошакҳои дастию моторӣ, 467 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ ва 54 ҳазору 225 литр сўзишворӣ сари вақт дастрас карда шуд.
Мувофиқи дурнамо, соли 2017 бояд дар майдони 97 ҳазору 100 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида мешуд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи малахҳо аз рўи мушоҳидаҳои баҳории гузаронидашуда 104 ҳазору 37 гектарро ташкил дод, ки пурра аз коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Изатулло Сатторӣ ба аъзои ситод ва масъулини соҳа супориш дод, ки фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ гарму камбориш омад, аз ин рӯ авҷ гирифтани ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон дар назар аст. Ба таъкиди вазир, масъулини соҳаро мебояд мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






