Идигул Қосимзода: «75 нафар духтароне, ки аз падару модар маҳруманд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд»
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 75 нафар духтароне, ки аз падару модар маҳрум ҳастанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зикр намуд.
«Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази «Чароғи ҳидоят» фаъолият менамояд, ки ба духтарони ҷавоне, ки аз падару модар маҳрум ҳастанд, кумак расонида, онҳоро бо ҷои зист таъмин менамояд»,- зикр намуд И.Қосимзода.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки барои таълиму тарбия гирифтани ин духтарон Кумита корҳои назаррас анҷом дода истодааст.
Ҳамзамон бо мақсади фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон ва мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо соли сеюм аст, ки дар заминаи Шӯрои донишҷӯдухтарони назди Кумита курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар» фаъолият менамояд.
Соли 2017 50 нафар донишҷӯдухтарон курси мазкурро хатм намуда, соҳиби гувоҳномаи курси «Зан-роҳбар» гардида, ба рӯйхати захираи кадрии кумита ворид гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






