Имсол Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад
ДУШАНБЕ, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14 – 15 сентябри соли 2017 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид. Ин нуктаро имрӯз, 1 феврал раиси Хадамоти мазкур Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотӣ, ки дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, ба хабарнигорон иброз дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, номбурда зикр намуд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба соҳаи бехатарии саноатӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзо такмили қонунгузории соҳаи бехатарии саноатии давлатҳои узви Шӯро пешниҳод гардид.
«Тӯли як сол Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатиро Ҷумҳурии Қирғизистон ба уҳда дошт. Дар ҷаласаи 15-ум бо қарори аъзои Шӯро Раёсати Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд»,-илова намуд Санъат Раҳим.
Ба гуфтаи мавсуф, соли сипаригардида аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 580 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
«ҶДММ ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгтай Моҳир Семент», ҶДММ «Тоҷчайна 2013», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик», ҶДММ «Талко Ресурс», ҶСК «Ангишт» ва ҶДММ «Ширкати Тоҷикистону Хитой Дзин Хай» аз ҷумлаи корхонаҳои саноатие мебошанд, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд»,- гуфт Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






