«ИНСОН, СИЁСАТ ВА ҶОМЕА». Таҳти ин унвон китоби нави Абдураҳмон Муҳаммад нашр гардид

Февраль 23, 2018 15:53

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Инпериал-Групп» китоби нави олими шинохта, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдураҳмон Муҳаммад бо номи «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» ба табъ расид.

Дар ин монография масъалаҳои мубрами рушди инсон ва ҷомеа мавриди таҳлил қарор ёфтаанд.

Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни илмию таърихӣ оид ба идеологияи сиёсӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба таҳаввулоти муносибатҳои ҷамъиятӣ, шуури динӣ ва сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҷеъ ба таносуби инсон ва сиёсат, фард ва қобилияти маърифатӣ, имрӯзу фардои давлати миллӣ ва забон чун омили рушди ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён месозад.

Асари мазкур барои доираи васеи хонандагон иншо гардида, таҷрибаи таҳлили фалсафию сиёсии муаллифи он мебошад.

 

Февраль 23, 2018 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд