«Истиқлол» ва «Добрый» шартномаи шарикӣ ба имзо расониданд

Февраль 23, 2018 12:51

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи шаҳри Душанбе «Истиқлол» бо ширкати «Фаиза», ки паҳнкунандаи расмии тамғаи «Добрый сок» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, шартномаи шарикӣ ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Шартномаи ҳамкориро 22 феврал  менеҷери клуби футболи «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов ва муовини директори генералии ширкати ҶДММ «Фаиза» Абдумалик Орифов ба имзо расониданд.

Ба гуфти Абдумалик Орифов, шартнома то охири сол баста шуда, имконияти тамдид то муҳлати дарозтарро пешбинӣ мекунад.

«Аз номи директори генералии ширкат барои имконияти ҳамкорӣ бо клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе изҳори миннатдорӣ менамоем. Бо сармоягузорӣ ба дастаи «Истиқлол» ва дар маҷмӯъ ба варзиш,  мо ба рушди футбол дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт»,  — гуфт муовини  директори генералии «Фаиза» Абдумалик Орифов.

Тамғаи молии «Добрый» аз соли 1998 дар бозори Тоҷикистон фаъол буда, ба он инчунин тамғаи  бақайдгирифтаи «Мултон» ва брендҳои фишурдаҳои «Rich», «Моя семья» ва «Палпи» низ дохил мешаванд.

Менеҷери клуби «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Шаҳзод Сулаймонов таъкид намуд, ки шартномаи сарпарастӣ барои як мавсим баста шудааст. Нишонаи  тамғаи «Добрый» дар тамоми чорабиниҳои дастаи «Истиқлол», автобуси даста, сомонаи расмӣ ва инчунин либосҳои варзишии дастаи «Истиқлол» ҷой дода хоҳад шуд. «Мо умедворем шарики дарозмуддат ва босамар бошем», — гуфт Сулаймонов.

Дар анҷом  Шаҳзод Сулаймонов ба муовини директори генералии ширкати «Фаиза» Абдумалик Орифов либоси варзиширо бо рақами 22 ва навиштаҷоти «Добрый» тақдим намуд. «Ин рақам далели 22 феврал ба имзо расидани шартномаи мазкур мебошад»,- таъкид кард  Ш. Сулаймонов.

 

 

Февраль 23, 2018 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд