«КОБРА» ДАСТГИР ГАРДИД. Номбурда дар содир намудани зиёда аз 30 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Сино шаҳрванд Маҳмадиев Умарҷон Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои пойтахтро, ки собиқаи ҷиноӣ дошта, дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» машҳур аст, бо гумони содир намудани силсилаҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.
Тавре аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо бурдани корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда асосан шабона ҷиноятҳои дуздӣ содир намуда, тирезаҳои мошинҳои шаҳрвандонро ба воситаи «отвёрка» шикаста, маблағҳои пулӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи қиматнокро аз они худ мекардааст.
Чунончи, шаби 1 феврали соли 2018 тирезаи мошини тамғаи «Тайота-Каролла»-ро, ки дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт беназорат меистод, шикаста, аз дохили он телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва видеорегистратору дигар ашёҳои арзишмандро дуздидааст. Гумонбар бо содир намудани ин кирдораш ба сокини 45-солаи пойтахт зарари калони пулию молӣ расонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани зиёда аз 30 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидааш зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, айни замон нисбат ба гумонбаршуда Умарҷон Маҳмадиев бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






