Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» чун пули воқеӣ Чину Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» гузорише таҳти унвони «Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ гуфт: «Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» барои мо дар шинохти Чин бисёр муҳим аст», ба нашр расид.
Хабарнигорон Сун Вейгуо, Яо Чин ва Ҷян Хуе дар маводи мазкур доир ба мулоқоти чанде пеш доиргардидаи директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва масоили дар ин суҳбат матраҳшуда гузориш медиҳанд.
«Он рӯз ҳайати намояндагони фарҳанги остони Синзян ба идораи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» омада, суҳбат оростанд. Саидалӣ Сиддиқ ба онҳо аз таърихи рушди Агентӣ маълумот дод. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» моҳи декабри соли 1925 таъсис ёфта, қабл аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекард. Он тӯли солҳои зиёд дар идораи асосии Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ ва тамоми ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон гузоришҳои матбуотии зиёде нашр кардааст. Пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон он ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тағйири ном кард. Айни замон радиои «Ховар» бо суроғаи 101, 5 FM, сомонаи Агентӣ бо суроғаи www.khovar.tj бо чандин забонҳои дунё хабар пахш мекунанд», — омадааст дар гузориш.
Мавод ҳамчунин доир ба ҳамкории судманди АМИТ «Ховар» бо идораи «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» ва идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» иттилоъ дода, дар ин бора андешаҳои Саидалӣ Сиддиқро овардааст: «Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» чун пули воқеӣ Чину Тоҷикистонро бо ҳам пайванд намуда, равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиро миёни кишварҳои мо мустаҳкам намудааст. Ин маҷалла дар Тоҷикистон густариши васеъ пайдо кардааст. Нашри дараҷаи олӣ, мундариҷаи ғанӣ ва махсусан бо забони тоҷикӣ нашр гардидани он барои мардуми Тоҷикистон басо фараҳбахш аст».
Гузоришгарон ҳамчунин нигоштаанд, ки «дар ин мулоқот роҳбари ҳайати намояндагони фарҳанги остони Синзян Кизиркелдӣ Абдураҳмон оид ба мавқеи Синзян иттилоъ дода, аз ҷумла, зикр кард, ки Остони Синзян маркази Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим буда, бо амалӣ гардидани ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» рушди босуръат касб намудааст. Алҳол Синзян рушди устувор дошта, дар он миллатҳои гуногун хушбахтона умр ба сар мебаранд».
Дар мавод инчунин дар бораи аз ҷониби муовини сармуҳаррири «Рӯзномаи иқтисодии Синзян» Дилшод Турсун шарҳ додани раванди фаъолият ва муқаррароти асосии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» инъикос гардидааст.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати меҳмонон аз музофоти Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади таҷлили 5-солагии таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ба Тоҷикистон омада буданд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






