Мақомоти судии мамлакат вобаста ба риоя нагардидани Қонуни масъулияти падару модар зиёда аз 17 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ кардаанд

Февраль 1, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби судҳои мамлакат нисбат ба 771 нафар шахсоне, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя накардаанд, 793 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ ва онҳо ба маблағи 3 миллиону 349 ҳазору 80 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.  Ҳамчунин дар доираи риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мақомоти судии мамлакат 17 ҳазору 136 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд. Дар натиҷа нисбат ба 5 ҳазору 28 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 10 ҳазору 629 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шудааст.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки нимаи дуюми имрӯз дар толори Суди Олӣ бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳамаи марҳилаҳои судии мамлакат 148 ҳазору 733 адад парвандаҳо баррасӣ гардидаанд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 541 адад кам мебошад. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 58 миллиону 274 ҳазору 114 сомонӣ боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ расонидашуда рӯёнида шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон 15 ҳазору 188 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд. Маҷлисҳои сайёри судӣ ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби қонунҳо ва амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» нақши муҳим бозидаанд. Илова бар ин, мақомоти судии мамлакат бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун, муайян намудани сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, 16 723 таъйиноти хусусӣ бароварда, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо 423 пешниҳодҳо ирсол намудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки рӯзҳои шанбе аз ҷониби раиси Суди Олӣ соли гузашта ҳазору 357 муроҷиаткунанда ва дар рӯзҳои корӣ аз ҷониби муовинони раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои Суди Олӣ 122 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

Дар нишасти матбуотии Суди Олии Тоҷикистон мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров иштирок намуд.

Февраль 1, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад