МАБНӢ БАР ҒАРАЗ. Изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар хориҷи мамлакат

Февраль 14, 2018 11:48

                                           «Ва ҳама мабнӣ бар ғараз ва мавқуф бар фоида аст…».
Аҳмади Дониш

ДУШАНБЕ, 14.02.2018./АМИТ “Ховар”/. Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз таъсиси ташкилоти ба ном «Анҷумани озодандешони  тоҷик», ки воқеан ҳам мабнӣ бар ғараз аст,   изҳорот  пахш намуд.  Дар он омадааст: «Таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.»

Дар изҳороти раёсати Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои  дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашр шудааст, гуфта мешавад, ки нафарони масъули Анҷумани озодандешон «барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад”.

Матни пурраи изҳороти мазкур чунин аст:  

ИЗҲОРОТИ

 Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо унвони «Анҷумани озодандешони тоҷик» Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад. Нафароне, ки масъули ин ниҳод ҳастанд, барои мардуми кишвар бо нуқтаи назари «хос»-ашон шиносанд, онҳое, ки аз ягон далели пешрафт ва тараққии Тоҷикистон қаноатманд набуданд ва намешаванд. Хоссатан, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мудом ба сари давлату миллат борони туҳмату буҳтон мерезад.

Ҳадафу вазифаҳое, ки дар ин баёния изҳор шудаанд, суханони обшуста ва такрор аз даҳҳо оиномаҳое ҳастанд, ки қаблан амал мекарданд. Чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯиё Тоҷикистон ба тӯфони азиме гирифтор бошад ва маҳз чунин афрод кишварро наҷот медода бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон вазъи хуби иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, роҳи пешрафт муайян ва талошҳо барои ободии мулк ҷараён дорад. Аз ҳама муҳим, мардуми кишвар вазъи осуда дошта, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукмфармост. Ваҳдати давлату ҷамъият таъмин аст.

Албатта, дар замони муосир давлатеро ёфтан мушкил аст, ки камбудие надошта бошад. Дар ҷумҳурии мо низ на ҳама мушкилот ҳал шудаанд, аммо ин чунин маънӣ надорад, ки барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар хориҷа анҷуману созмонҳо таъсис дода шаванд. Ба андешаи мо, масъалаҳои дохилиро дар дохили кишвар, бо роҳҳои қонунӣ, бо маслиҳату машварат, тибқи қонунҳои дохилӣ ҳал намудан лозим аст. Аз ин хотир, таъсиси як созмони нави шубҳанок дар хориҷи кишвар аслан ба суди ҳеҷ ҷонибе нест.

 

Февраль 14, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст