Манфиати муоинаи тиббии ҷавонон пеш аз никоҳ ва баррасии он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни никоҳӣ, инчунин манфиати муоинаи тиббии ҷавонон пеш аз никоҳ мулоқоти судманд баргузор намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон ба бемории сироятии Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ ибрози ақида карда шуд.
Дар мулоқот намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Намояндаи ин Маркази миллӣ иброз дошт, ки имрӯз дар марказҳои солимии репродуктивӣ марказҳои машваратӣ барои ҷавонон фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, ВНМО/БПНМ байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо миёни донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ баргузор гарданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






