Манзараҳои дилфиреби кӯлҳои Ҷувозак, Темурдара ва Париён Шаҳринавро ба ҷои дӯстдоштаи сайёҳон табдил медиҳанд

Февраль 13, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 13.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Манзараҳои дилфиребу назаррабои атрофи кӯлҳои Ҷувозак, Темурдара ва кӯли Париён, обҳои шифобахши чашмаҳои хоҷа Ҳасан ва Моҳиён, минтақаҳои истироҳатии замонавии дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгирифта, бешубҳа, мақбули сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор хоҳанд гардид. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ба хабарнигорон баён намуд.

Тибқи иттилои раиси ноҳия, соли сипаришуда кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 20 ҳазору 654 тонна ғалладона, 800 тонна пахта, 726 тонна зағир ва маъсар, 4 ҳазору 644 тонна картошка ва 57 ҳазору  741 тонна сабзавот истеҳсол карданд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд аст.

Айни ҳол дар ноҳия теъдоди оилаҳои занбӯри асал 3 ҳазору 312 ададро ташкил медиҳад. Чорводорони ноҳияи Шаҳринав барои рушди соҳаи чорводорӣ ва хушзоткунии саршумори чорво бештар саъю кӯшиш доранд.

Тавре раиси ноҳия иброз дошт, имрӯзҳо сокинони ноҳия дар корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Сокинони ноҳия ба корҳои хайр даст зада, ба ятимону бепарасторон пайваста кумак мерасонанд. Аз ҷумла, барои таъмири Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим аз ҷониби соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпеша беш аз 100 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Ба наздикӣ бо ибтикори  як нафар соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳия бозори замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар дохили бозор ду сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот сохта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо 13 мағоза, 6 нуқтаи хизматрасонӣ, 2 толори дӯзандагӣ, 1 тарабхона ва 40 ҷойи хариду фурӯши маҳсулот бунёд карда шуд. Бозори мазкур зиёда аз 160 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.

 

Февраль 13, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд