МАЪРӮЗАИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА ДАР ҚАСРИ ХОФБУРГ. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ ва САҲА шарики боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Қасри бошукуҳи императории Хофбурги пойтахти Ҷумҳурии Австрия шаҳри Вена воқеъ аст, ҷаласаи навбатии Шӯрои амниятии САҲА баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сухан гуфта, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милитсия ва корҳои дар ин раванд анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА шинос намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маърӯзаи Р. Раҳимзода аз ҷониби давлатҳои аъзои САҲА хуб пазируфта шуд. Намояндагони Словакия, Булғория, ИМА, Словения, Канада, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо назари худро вобаста ба маърӯзаи вазир мусбат арзёбӣ намуданд. Онҳо ташаббус ва кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ислоҳоти милитсия дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалигардонии ислоҳоти мазкур изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии хатарҳои фаромиллӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил баррасӣ гардиданд. Намояндагони СММ ва САҲА зикр карданд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ шуда, онҳо омодаанд иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, зеро, ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон дар хати аввали муқовимат бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм ва маводи мухаддир қарор дорад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






