Марказҳои матбуотии Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Суди Олии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар маросими мазкур раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Тоҷикистон Оле Йохан Бёрной ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа ба такмили фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба фаъолияти судҳо, мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор равона карда шуда, ҳамчунин навсозии сомонаҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва ташкил кардани сомонаҳои судҳои ВМКБ ва минтақаҳои Раштро дар бар мегирад.
Дар баробари ин, бо мақсади сари вақт ва холисона ба мардум расонидани фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои матбуотӣ таъсис дода, шахсони маъул ба семинар-машғулиятҳо бо иштироки коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ, паҳннамоии варақаҳои матбуотӣ ва нашри иттилоот дар ВАО ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, Лоиҳаи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ мусоидат менамояд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






