МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: бақайдгирии довталабон аз 1 март оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 13.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста ба шаҳру ноҳияҳо дар соли 2018 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 38 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 14 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд.
Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ, бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли равон оғоз мегардад.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида, он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадом аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






