Масъалаи ҷавонон бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатии мамлакат аст
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур- ин натиҷагирӣ аз Соли ҷавонон, баррасии масъалаҳои васеи вобаста ба ҷавонон ва дурнамои рушди сиёсати давлатии онҳо дар мамлакат мебошад.
Дар конфронси «Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳ ба дастовардҳои муҳимтарини Соли ҷавонон, рушди касбии онҳо дар бахшҳои асосии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, хизмати давлатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, нақши ҷавонон дар ҳифзу арзиши анъанаҳои миллӣ равона карда шуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки мавзӯи имрӯзае, ки ба ҷавонон бахшида мешавад, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷавонон баррасӣ шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам равшан ва амиқ омӯхта шаванд.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба онҳо минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳад буд»,- гуфта шуд дар конфронс.
Баргузории ҳамоиши номбурда нишони ҷонибдорӣ аз ин тасмимҳои Пешвои миллат, инчунин ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






