МАСЛИҲАТИ ОБУҲАВОШИНОСОН: чӣ гуна метавон аз сардиҳо худ ва наздикони худро эмин нигоҳ дошт
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зимистони имсола моро бо сардӣ ва барфҳояш шод менамояд, зеро имсол фасли дай хушк омада, барфи кам борид. Соли равон маҳдудияти қувваи барқ пурра аз миён бардошта шуд ва тибқи маълумоти масъулин, ҳодисаҳои тӯли чандин рӯз бе барқ мондани сокинони ҷумҳурӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, шурӯъ аз имрӯз то 3 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Асосан рӯзи 3 феврал боридани барфи зиёд дар тамоми қаламрами Тоҷикистон дар назар дошта шуда, эҳтимол ҳаво то 10 дараҷа сард гардад. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ба амал омадани бориши зиёди барф ва яхбандӣ дар роҳҳо имкон дорад ба кори ширкатҳои мухобиротӣ, энергетикӣ ва идораҳои коммуналӣ халал ворид шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора сокинони мамлакатро аз хавфи ҳама гуна хатарҳо огоҳ сохта, баҳри эмин нигоҳ доштани худ дар ҳолатҳои фавқулода маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Новобаста аз он ки соҳиби чӣ гуна хонаед ва хонаи шумо дорои кадом низоми гармидиҳист (неруи барқ, газ ё бухорӣ), бароятон зарур аст, ки захираи сӯзишворӣ дошта бошед. Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд. Утоқҳоро бо низоми гармидиҳии боэътимод таъмин кунед, то барои аҳли хонавода сарпаноҳе аз гармои сахт бошанд. Дар он ҷо чизу чораи эҳтиёҷи аввал-чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гӯгирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвои доруҳои гуногун, бистарҳои гарм, халтаҳои хоб ва ғайраро нигоҳ доред.
Даргиронидани низоми мустақили гармидиҳиро қабл аз он ки ҳарорати хона поин равад, фаромӯш накунед. Асбобҳои гармидиҳии худсохти барқӣ ва обиро истифода накунед!
Ҳангоми вазиши сахти бод бе зарурат аз хона берун набароед. Дару тирезаҳоро накушоед, то ҳарорати ҳавои дохили хона тағйир наёбад, чун ба ҳолати аввала баргардонидани он вақти зиёд талаб мекунад.
Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтони бузургҷусса, пояҳои рекламаҳо, девори хонаҳои фарсуда ва хатҳои интиқоли неруи барқ наистед!
Ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия дода мешавад:
Мошинҳои худро бо асбобҳои зарурӣ, аз ҷумла, бел, табар, ҳезум, занҷирҳо, фонусҳо, халтаҳои хоб, захираи ғизо, таҷҳизоти мошинии бакорандозии телефонҳои мобилӣ ва ғайра таъмин кунед.
Агар Шумо дар ин гуна ҳолатҳо дар дохили мошинед, пас мошинро оҳиста ронед ва танҳо аз роҳҳои асосии мошингард истифода кунед, ҳангоми бад шудани ҳаво ва номувофиқ шудани шароити рондани мошин дар роҳҳо мошинро нигоҳ доред ва дар ягон бино паноҳ баред.
Агар мошини шумо вайрон шуд ва ё дар ҷойе дар барф, лой ё ях дармонд, пас:
то омадани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои дохили мошинро бо истифода аз дастгоҳҳои шамолдиҳӣ, ки ба тарафе гардонида шудаанд, тоза кунед, ҳамин амалро ҳангоми тӯфон низ ба ҷой оред.
Бубинед ва боварӣ ҳосил кунед, ки оё дар наздикиҳои шумо ҷабрдида ё зарардидаи муҳтоҷи ёрӣ нест? Агар бошад, кумакатонро дареғ надоред.
Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар мамлакат 3 феврал шиддат мегирад.
ҲУШЁР ВА БОДИҚҚАТ БОШЕД!
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






