Меҳринигори Рустам дар Озмуни баналмилалии таронаву оҳанги «Rising Star»-и Ҳиндустон ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳринигори Рустам дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бо таронаи машҳури «Хатуба” аз филми ҳиндии «Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ карда, ба даври сеюми озмуни таронаву оҳанги «Rising Star” роҳ ёфт. Ҳунарнамоии Меҳринигорро тавассути шабакаи телевизионии «Colors TV”-и Ҳиндустон даҳҳо миллион нафар тамошо карданд. Дар ин бора модари Меҳринигор Адибаи Рустам аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба мухбири АМИТ “Ховар ” хабар дод.
Ба иттилои модари сароянда, ҳунарнамоии Меҳринигор дар озмуни «Rising Star” — сабқати овозхонҳои ҷавони Ҳиндустон ҳам ҳайати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард.
Қобили зикр аст, ки Меҳринигор аллакай аз ду даври озмун гузашт ва ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад. Мавриди зикр аст, ки «Rising Star” як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюми он гузаронида шуд. Ин сабқат, ки дар Ҳиндустон асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ гузаронида мешавад, бори аввал моҳи феврали соли 2017 доир гардида буд.
Меҳринигори Рустам 14 октябри соли 1994 ба дунё омада, дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нозукиҳои мусиқиро омӯхтааст ва узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Меҳринигор соли 2003, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Чӯҷаи заррин”-ро ба даст оварда буд. Ӯ соли 2005 барандаи ҷашнвораи таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 соҳиби ҷои аввал ва медали тиллои Бозиҳои Делфӣ дар Алма-Ато шуд. Меҳринигори Рустам соли 2007, дар 13-солагиаш аллакай ду албоми аввали таронаҳояшро бо номҳои «Тоҷикистон” ва «Шодиёна” нашр кард.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






