Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли равон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон (тарзи озод, юнонӣ-румӣ, гӯштини тоторӣ) баргузор ва Мирзоалӣ Комил раиси федератсия интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар кори ҷаласа вакилон, ҳамчунин меҳмонон – Аҳтам Абдуллозода, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аризаи истеъфои раиси федератсия Музаффар Ҳукматуллоев баррасӣ шуд. Бо овоздиҳии вакилон сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» Мирзоалӣ Комил барои давраи то соли 2022 раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон интихоб гардид.
Мавсуф барои боварӣ ба вакилони ҷаласа изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Аҳтам Абдуллозода ба Мирзоалӣ Комил дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият муваффақият хоста, иброз дошт, ки Кумитаи миллии олимпӣ барои беҳбудии кор то ҳадди имкон ба федератсия кумак мерасонад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






