Миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» аз намуди шашка ва шоҳмот мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаҳо зиёда аз 16 даста ва 100 нафар варзишгарон барои ишғоли ҷойҳои намоён байни худ қувваозмоӣ намуданд. Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шашка дастаи Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷои аввал, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соҳиби ҷои дуюм ва дастаи варзишгарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардида, ҷойи сеюмро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овард.
Ба ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, медал, Сипоснома ва туҳфаҳои қиматнок тақдим карда шуданд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






