МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ: Ноиби ректор бо пора дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми 3600 доллар гумонбар мешавад, хабар додааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи зодаи шаҳри Панҷакент, шаҳрванди Федератсияи Россия, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур, дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент кор карда, дидаю дониста, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Панҷакент пас аз хатми мактаби миёна дар ягон муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, дар ҳудуди Федератсияи Россия таҳсил накардааст, барои аз Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Омски ФР дастрас намудани маълумотномаи қалбакӣ, ки гӯё ӯ 3 соли охир дар он ҷо таҳсил кардааст ва сипас, дар асоси ин маълумотнома барои якбора ба бахши 4-уми Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент дохил кардани ӯ 3600 доллари амрикоӣ ҳамчун пора талаб кардааст.
Номбурда 8 феврали соли 2018, дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани пора ба маблағи 3600 доллар аз марди мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






