Мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ — рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

Февраль 3, 2018 13:06

ДУШАНБЕ, 3.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз 2 феврали соли ҷорӣ  бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомоти гумрук бо соҳибкорону тоҷирони ватанию хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат, ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳо дар самти тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳор дошт, ки бо дастгирии бевоситаи  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти онҳо лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардид.

 

 

 

Февраль 3, 2018 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд