Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро 23 феврал дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мавзӯи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти политехникии шаҳри Тошканд мебошад. Аз соли 1996 то феврали 2001 мансаби вазири энергетика ва энергетикакунонии Ӯзбакистонро ба уҳда доштааст. Дар солҳои 2001-2006 ба ҳайси Раиси раёсати Ширкати давлатии саҳҳомии «Узбекэнерго» фаъолият кардааст. Аз соли 2006 то 13 июли соли 2010 ҳамчун муовини Сарвазир оид ба масъалаҳои мошинсозӣ, металлургияи ранга, соҳаи нафту газ, геология, энергетика ва истеҳсоли маводи кимиёвӣ кор кардааст. Моҳи феврали соли 2014 раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони энергетика таъйин гардидааст.
Аз моҳи декабри соли 2016 раисии раёсати «Uztransgaz»-ро ба ухда доштааст.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






