Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 9, 2018 11:12

ТУРСУНЗОДА,  09.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нишасти матбуотии имрӯза дар шаҳри Турсунзода  нахуст аз тамошои наворҳои ҷолиб оид ба дастовардҳои соли сипаригардида  шурўъ гардид.  Аҳли толор баргузории чунин нишасти матбуотиро дар сатҳу сифати нав хуш пазируфтанд.

Дар навор ширкати Пешвои миллат дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, маросими мавриди истифода қарор гирифтани  иншооти  гуногун,  дастовардҳои  корхонаҳои  саноатии  шаҳр  ва  натиҷаи маҳсули дастони кишоварзон  намоиш  дода шуд.

Сипас, дар назди доираи  васеи хабарнигорон муовини аввали раиси шаҳр  Парвиз Акрамзода,  муовинони раиси шаҳр  Ғафурҷон  Собирзода,  Солеҳамоҳ  Холова ва Ҳамдам  Долизода  доир ба соҳаҳои саноат, иқтисодиёт,  рушди  иҷтимоӣ  ва соҳаи кишоварзӣ  маълумот  доданд.  Аз  ҷумла, зикр  гардид,  ки  деҳқонон  соли гузашта панҷ ҳазору  ҳаштод  тонна  пахта, бист ҳазору  дусаду  сию чор  тонна  ангур ва  сию се  тонна  асал  истеҳсол  карданд.  Дар ин давра  корхонаҳои  саноатӣ  фаъолияти  пурсамар  доштанд.

Дар  соли сипаригардида  нақшаи  нави  генералии  шаҳри Турсунзода  бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тасдиқ  гардид.  Нақшаи  генералии  шаҳр  барои  100  ҳазор  нафар  аҳолӣ  пешбинӣ  гардида,  дар  доираи  он  сохтмони  биноҳои  истиқоматии  баландошёна,  бунёди  боғҳои  фарҳангӣ-фароғатӣ,  сохтмони  пояи  Парчами  давлатӣ,  Нишон ва як қатор  иншооти  иҷтимоӣ  ва саноатӣ  пешбинӣ  гардидааст.

 

Февраль 9, 2018 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид