«Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташаккули он дар ниҳоди шаҳрвандӣ»-ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташаккули он дар ниҳоди шаҳрвандӣ»-таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсисдиҳандагони асосии ҳамоиш ба шумор рафта, дар он забоншиносон, намояндагони Вазорати маориф, аз ҷумла, мудирони кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода иброз дошт, ки ба ин ҳамоиш даъват шудани намояндагони кӯдакистонҳо бесабаб нест. Чунки нақши кормандони кӯдакистонҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва тарбия кардани наврасон хеле бузург аст. Ҳар як кӯдак дар доираи забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ сухан гуфтанро аввал аз хонавода ва сипас аз боғча меомӯзад ва масъулони кӯдакистонҳо вазифадоранд, ки омӯзиши забони давлатиро дар доираи забони меъёр ба роҳ монанд.
Баромадкунандагон зикр намуданд, ки мушкилоти дигаре, ки дар ҳамин раванд ба назар мерасад, бо шева ва бо тарзи гӯиши маҳаллӣ сухан гуфтани ҳам кормандони боғча ва ҳам кӯдакон мебошад. Зикр шуд, ки мо бояд кӯшиш кунем, ки дар муҳити оила ба фарзандонамон тарзи дурусти талаффузи калимаҳоро омӯзем. Инчунин тарзи ҷумлабандиамон низ бояд солим бошад, то аз хурдӣ тавонем тарзи дуруст гуфтанро ба фарзандон омӯзем. Ғайр аз ин вақте фарзанди мо ба боғча меравад, ин нақшро бояд мураббияҳои онҳо иҷро кунанд. Яъне бо забони адабии гуфтугӯӣ сухан гӯянд, то ин ки тарбиятгирандагони онҳо низ ҳамин тарзи суханрониро омӯзанд.
Ба андешаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мастура Абдураҳмонова, «забон дар таърих ба ҳайси нигоҳдоранда, ҳимоятгар ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун маҳсуб ёфта, дар ҳифозати асолати миллӣ нақши муассир мебозад. Рисолати мо поку бегазанд ва бо тамоми ҳастӣ эмин нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги меҳан – забони ноби тоҷикӣ мебошад. Мо чун меросбарони ин ганҷи бебаҳо дар эҳёи асолати бузург ва беинтиҳои он кафил буда, бояд тамоми неру ва донишу истеъдоди хешро масраф намоем».
Корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Сангов низ вобаста ба ин мавзӯъ фикру андешаҳояшро баён намуда, зикр кард, ки мувофиқи омори расмии самти маорифи мамлакат, айни замон дар ҷумҳурӣ аз 3871 муассисаи таълимии мавҷуда 26 муассисаи таълимӣ ба забони русӣ, 77 муассисаи таълимӣ ба забони ӯзбекӣ, 31 муассисаи таълимӣ ба забони қирғизӣ, 1 муассисаи таълимӣ ба забони туркманӣ ва 2 муассисаи таълимӣ ба забони англисӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ дар 608 муассисаи таълимии дигар таҳсил ба забонҳои омехтаи тоҷикӣ-русӣ (128), тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ (13), тоҷикӣ-русӣ-англисӣ (8), тоҷикӣ- ӯзбекӣ (426), тоҷикӣ-ӯзбекӣ-қирғизӣ (1), тоҷикӣ-қирғизӣ (26), тоҷикӣ-туркманӣ (5), тоҷикӣ- англисӣ (1) ба роҳ монда шудаанд.
Танҳо дар 137 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, ки дар маҷмӯъ иборат аз 2109 синфхонаи таълимианд, 41 425 нафар хонанда-фарзандони ақаллиятҳои миллӣ таълим мегиранд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст.
Бояд зикр намуд, ки соҳибзабонони олам ба хотири арҷгузорӣ ва ифтихор аз забони модариашон дар давоми сол як рӯзи муайянро ботантана ҷашн мегиранд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ, барои мардуми Франсия 20 март ҳамчун Рӯзи забони франсузӣ, барои мардуми Чин 20 апрел ҳамчун Рӯзи забони чинӣ (ба эҳтироми асосгузори забони хаттии чинӣ Сан Сзе), 23 апрел- Рӯзи забони англисӣ (рӯзи мавлуди Уилям Шекспир), 6 июн- Рӯзи забони русӣ (рӯзи таваллуди А. С. Пушкин), 12 октябр- Рӯзи забони испанӣ (рӯзи фарҳанги забони испанӣ), 18 декабр- Рӯзи забони арабӣ (рӯзи қабули қарор дар бораи ба қатори забонҳои расмии Ассамблеяи генералии СММ пазируфта шудани забони арабӣ дар соли 1973) ҷашн гирифта мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин эҳтиром ба забони модарӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он мебошад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






