Насим Олимзода: «Барои тадбирҳои зиддисилӣ 20 миллион сомонӣ масраф карда шуд»
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 барои маъракаҳои зиддисилӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетию инвеститсионӣ барои харидории доруворӣ, асбобу таҷҳизот ва омӯзиши мутахассисон масраф карда шудаанд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон баён намуд.
Зикр шуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби гурӯҳи бонуфузи коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷараёни татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавриди омўзиш қарор гирифта, натиҷаи он ҳамчун намунаи ибратбахши амалисозии барномаҳои миллӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид.
Бо иттилои Н.Олимзода, яке аз чораҳои ҳатмии пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда-ин таъминот бо ваксина мебошад, ки дар ин самт як катор мушкилот ҷиҳати дарёфти маблағҳо барои хариди ваксинаҳо вуҷуд доштанд. Соли 2017 ин мушкилиҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия тавассути ҷалби гранти нав ба маблағи зиёда аз 9 миллион доллари амрикоӣ ҳалли худро ёфтанд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






