НАВРӮЗ-ҶУЗЪИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ. Панҷакенти бостонӣ мизбони тантанаҳои вилоятии ин иди байналмилалӣ мегардад

Февраль 8, 2018 14:59

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои вилоятии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор мегарданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи қарори раиси вилояти Суғд моҳи марти соли 2018 дар қаламрави вилоят ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуда, маросими ботантанаи таҷлили он дар шаҳри Панҷакент мегузарад.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани ин иди байналмилалӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Имрӯз барои мо, тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз таҷлили ин иди бостонӣ мояи ифтихор мебошад, зеро ин ҷашни куҳану зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Россия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурда, иди мазкур ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

 

Февраль 8, 2018 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд