ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ду рӯзи оянда эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад.
Имрӯз, 21 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, борон меборад. Рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар робита ба ин вазъи ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз сабаби боришот рӯзҳои 20-21-уми феврал дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст.
Аз ин рӯ Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои мазкур хеле эҳтиёткор бошанд. Тавре сухангӯи ин ниҳод Умеда Юсуфӣ дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, хуб мешуд сокинон дар ин рӯзҳо бидуни зарурат сафар накунанд, зеро таъхир дар сафар дар роҳҳои бӯронӣ ва барфиву яхбаста ба манфиати кор ва таъмини бехатарист. Бахусус, агар ронандагон сафар ҳам кунанд, бояд суръати ҳаракатро боло набаранд, масофаи миёни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва омодаи ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ бошанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






