ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад.
Имрӯз, 20 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарб ва шарқи вилоят боридани барф дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Рӯзона шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, рӯзона боридани борон пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






