ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон бориши башиддати борон ва вазиши сахти бод дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои пуршиддат, барф ва вазиши сахти бод дар назар аст.
Имрӯз, 15 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 2-3 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар водиҳо боришоти сахти борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






