ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст.
Имрӯз, 14 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, боришоти сахти борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






