ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст.
Имрӯз, 27 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрнок гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, баъзан дар ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 7-12 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






