ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст.
Имрӯз, 10 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.
Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 3-2 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-6дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






