ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барф меборад
ДУШАНБЕ, 03.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 3 феврал боридани барфи зиёд дар тамоми қаламрами Тоҷикистон дар назар дошта шуда, эҳтимол ҳаво то 10 дараҷа сард гардад. Дар ин рӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, давоми рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона ва шабона барф борида, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона ва рӯзона барф меборад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






