ОГОҲИИ ОБУҲАВОШИНОСОН: тӯли 3 рӯзи охир баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва боришоти зиёди барф пешбинӣ мешавад

Февраль 26, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки дар робита ба ноустувор шудани вазъи обу ҳавои мамлакат рӯзҳои наздик боришоти зиёди борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Тавре аз Агентӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, пагоҳ, 27 феврал дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки дар ноҳияҳои мазкур ва  вилоятҳои Суғду Хатлон хеле эҳтиёткор бошанд.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ баён дошт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳҳо, махсусан дар ағбаҳо пеш аз сафар сокинонро зарур аст, ки воситаҳои нақлиёти худро бори дигар санҷанд. «Ғайр аз ин аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд,  Кумита муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки аз ҷамъоварии ҳезумҳо ва баромадан ба шикор худдорӣ намоянд. Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар 3 рӯзи охир аз моҳидорӣ дар дарёҳои мазкур худдорӣ намоянд»,-афзуд Умеда Юсуфӣ.

Февраль 26, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд