ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАТБИҚ МЕШАВАД. Дар шаҳри Истиқлол 49 синфхонаи таълим бо забони тоҷикӣ кушода шуд
ХУҶАНД, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар самти дастгирии маорифчиёни шаҳр ва ҳамзамон фароҳам овардани шароити мусоид ба хонандагони муассисаҳои томактабиву мактабҳои миёнаи умумӣ дар самти таълиму тадрис тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Дар ин замина баҳри ташкили синфхонаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ва азхудкунии забони давлатӣ дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол иттилоъ доданд, то имрӯз дар панҷ муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр, ки таҳсилашон бо забони ғайридавлатӣ мебошад, 49 адад синфхонаҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ташкил карда шуданд. Инчунин Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар миқёси шаҳр пурра иҷро гардида, имрӯз аз рӯи тақсимот дар макотиби шаҳр ба 5 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.
Соли 2017 аз 95 нафар хонандагоне, ки ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат супориданд, 67 нафарашон сазовори номи донишҷӯӣ гардида, 10 нафар дигар тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд. Теъдоди гирандагони идрорпулӣ низ нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд гардида, 35 нафарро ташкил дод.
Варзишгарҷавонони шаҳр низ дар 23 мусобиқаи гуногуни вилоятиву ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 146 медал, аз ҷумла, 48 медали тилло, 43 нуқра ва 55 адад биринҷӣ гардиданд.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






