Озарбойҷон омода аст барои донишҷӯёни Тоҷикистон квота ҷудо намояд

Февраль 7, 2018 14:51

ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Низоми таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳам монандӣ дорад. Ин матлаб дирӯз зимни вохӯрии  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде  оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, Н.Саид оид ба зинаҳои таҳсилот дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба бо дигар ҷумҳуриҳо мебошад.

Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде вобаста ба низоми маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ дода, гуфт, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм квотаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ба иттилои Сафир, Озарбойҷон омода аст дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  квота ҷудо намояд.

Февраль 7, 2018 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд