«Панҷшер» ба даври нимфиналии Ҷоми ФФТ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор рақобатҳои гурӯҳии даври сеюми Ҷоми ФФТ байни дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Истаравшан» -и Истаравшан баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозӣ байни дастаҳо ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин пирӯзӣ шогирдони Алиёр Ашурмамадов ба даври нимфиналии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар даври якуми Ҷоми ФФТ бар дастаи «Локомотив Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада буд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






