ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРАНД. 23,7 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд

Февраль 13, 2018 12:02

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми  як сол теъдоди зиёди ҷавононро дар ҳайати роҳбарикунанда ба кор қабул намуд. Дар ин бора раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Ба андешаи номбурда, яке аз ҳадафҳои  асосии Соли ҷавонон бо ҷои кор ва мансабҳои баланд таъмин намудани ҷавонон буд. Дар ин сол  аксари ҷавонон ба сифати муовинони раиси кумитаву идораҳо, сардорони шуъбаву раёсатҳо ва ҳатто раисони ноҳия таъин шуданд.

«Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта 8 ҳазору 525 нафар ҷавонон ба хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд, ки ин 44, 8 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз ин шумора 5 ҳазору 670 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда ба кор қабул гардиданд, ки ин 23,7 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи  сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад»,- иброз дошт раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз масъалаи бо кор таъмин намудани ҷавонон ва самти болоравии мансабии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки кори тамоми мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар назди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддат ва яксолаи  такмили ихтисос барои магистрантон роҳандозӣ шудаанд. Қабл аз баргузории давраи такмили ихтисос шартномаи сетарафаи корманд, Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва корхонае, ки корманд дар онҷо кор мекунад, ба имзо расонида мешавад. Яке аз шартҳои асосии шартнома он аст, ки баъд аз ба итмом расонидани магистратура ташкилоти корфармо бояд кормандро бо мансаби баланд таъмин намояд.

Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, дар  давоми як соли такмили ихтисос дар магистратура  мутахассиси ҷавон  бо стипендия таъмин карда шуда,  маоши ҳармоҳаи ӯ низ аз ҷониби ташкилоти корфармо пардохт карда мешавад.  Инчунин  хизматчиёни давлатие, ки аз манзил танқисӣ  доранд,  бо манзили хизматӣ таъмин мешаванд.

«Имрӯз бархе аз раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷавонон боварӣ дорад ва таъйин гардидани онҳо ба ҳайати кадрҳои  роҳбарикунанда аз нигоҳи фаъолияти пурмасъул ва ҳам дониши фарох доштанашон самараи хуб медиҳад»,- зикр намуд А.Абдуллозода.

 

 

 

Февраль 13, 2018 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад