Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Қӯрғотеппа, ки акнун номи Бохтарро гирифт дар соҳили чапи дарёи Вахш доман густурда, дар масофаи беш аз 100 км аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, дорои 105 ҳазор аҳолист ва баъд аз Душанбе ва Хуҷанд саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт табдил дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






