Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд

Февраль 17, 2018 10:46

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Қӯрғотеппа, ки акнун номи Бохтарро гирифт дар  соҳили чапи дарёи Вахш доман густурда, дар масофаи беш аз 100 км аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон  буда, дорои 105 ҳазор аҳолист ва баъд аз Душанбе ва Хуҷанд саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди  ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод,  деҳаи Шота Руставелии ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт  табдил дода шуданд.

Февраль 17, 2018 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд