Раҷаббой Аҳмадзода: «Вазъи корхонаҳои бозистода омӯхта шуда, бояд онҳо дубора ба кор дароварда шаванд»
ХУҶАНД, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи он коргоҳҳои калону миёнае, ки солҳои пешин хусусӣ гардонида шуда, вале дар давоми чанд соли охир тамоман фаъолият накардаанд, бояд аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроиявии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута пурра омӯхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳал карда шавад. Ин нукта зимни нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо иштироки 80 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гашт, зикр гардид.
Ба иттилои роҳбари вилоят, соли гузашта аз 590 адад коргоҳҳои саноатии вилоят 72 ададашон фаъолият накарданд, ки шумораи бештари онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон, Зафаробод, Ҷ.Расулов воқеанд. Дар ин замина, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, саноатчиён ва соҳибкорону соҳибмулкони ин коргоҳҳоро зарур аст, ки давоми соли 2018 барои фаъол гардонидани коргоҳҳои аз кор бозмонда кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки соҳибкорони вилоят баробари дубора ба кор андохтани ин коргоҳҳо дар самти афзоиши маҳсулоти саноатӣ ва ташкили коргоҳҳои нав муваффақ гарданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин зикр намуд, ки новобаста аз фаъолият бозмондани ин шумора коргоҳҳо соли 2017 дар миқёси вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2016 131,5 фоизро ташкил дода, он ба 9,9 миллиард сомонӣ баробар гардид. Саҳми тавозуни вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ 50 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон соли 2017 дар қаламрави вилоят 84 корхонаи нав бунёд гардида, 1479 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, дар самти содироти маҳсулот низ натиҷаҳо назаррасанд. Аз ҷумла, истеҳсол ва содироти семент ва маъдан бештар буда, ҳаҷми фурӯши семент дар бозорҳои беруна ба 248,2 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 6,2 млн. доллар зиёд мебошад. Инчунин воридоти орд ва содироти пахта низ ҳамчун ашёи хоми саноатӣ коҳиш ёфтааст, ки ин нишондод аз вусъати раванди коркарди пурраи ин ашёи хом дар ҳудуди вилоят дарак медиҳад.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба 38 нафар ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2017» ва ҳамчунин се нафар собиқадори соҳаи матбуот Файзулло Атохӯҷаев, Муҳаррам Юсуфова ва Мирзоҳамдам Шариф диплом ва мукофотпулӣ супорид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






