Рамазон Раҳимзода: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил шудаанд»
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ин Вазорат хабар доданд, дар ҷамъомад сардорони Раёсат, собиқадорон, ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, ҷузъу томҳои ВКД ва меҳмонон иштирок доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ин солҳо барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд. «Дар ин рӯзи таърихӣ ёдовар шудан бамаврид аст, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ — дар як давраи бениҳоят вазнин ва таърихӣ, яъне дар шароите таъсис ёфтанд, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Он чӣ аз замони Шўравӣ боқӣ монда буд, қудрат ва тавоноии ҳимояи як давлату миллати мустақилро надошт, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ, яъне бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил карда шуд»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз нақши намоёни Пешвои миллат дар ташкили Артиши миллӣ сухан гуфта, зикр кард, ки Сарвари давлат ба садоқату ирода ва ҳисси ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ итминони комил доранд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки «шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ, минбаъд низ дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд».
Фаромӯш набояд сохт, ки баҳри сулҳу субот, оромиву осоиштагии давлату миллат афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраҳои мушкилу тақдирсоз аз худ далериву шуҷоатмандӣ, ҷасорату мардонагӣ нишон дода, зиёда аз 2000 нафар афсарону сарбозон ҷони худро нисор намудаанд.
Сипас, дар ҷараёни ҷамъомади идона як зумра афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо «Раҳматнома», «Ифтихорномаи фахрӣ», нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», медали «Барои хизматҳои шоён дараҷаи 3», рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






