Роҳи мошингард байни Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон ва Шуғнон бар асари тармафароӣ муваққатан баста шуд

Февраль 15, 2018 16:12

  ХОРУҒ,15.2.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти пай дар пай субҳи 15 феврал роҳҳои мошингард аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияҳои Ишкошим- Рӯшон- Шуғнон баста шуданд. Навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мансур Додихудоев гуфт, ки «ҳоло роҳи мошингарди маркази вилоят  танҳо ба самти ноҳияи Роштқалъа боз аст. Шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, деҳоти Шипаду Деҳи ноҳияи Рӯшон ва мавзеи Бидурди ноҳияи Шуғнон тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан  қатъ гардид. Ба иллати идомаи боришот ва эҳтимоли тармафуроӣ  поксозии роҳ мушкил гардидааст. Аммо сарфи назар аз ин, роҳсозони Муассисаи давлатии  «Бадахшонроҳсоз» бо риояи бехатарии техникӣ кӯшиш мекунанд, ки  ҳарчӣ зудтар роҳро аз тарма тоза кунанд».

Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят  аз ҳамаи ронандагони мошинҳои мусофирбару боркаш даъват намуд, ки то қатъи боришот муваққатан аз сафар ба шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои вилоят  худдорӣ намоянд.

 

Февраль 15, 2018 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд