Рустам Назарзода: «Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд»

Февраль 6, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст. Наҷотдиҳандагони Кумита 654 маротиба дар амалиёти наҷот иштирок намуда, дар натиҷа 203 нафарро наҷот доданд, ки аз инҳо 75 нафар афроде буданд, ки дар об ғарқ мешуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар Маркази матбуотии «Ховар» ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба гуфтаи Рустам Назарзода, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нишон дод, ки соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ асосан офатҳои табиӣ- заминларза, фаромадани тарма, ярч, 5 маротиба боридани барфи аз меъёри муқарраргардида зиёд, боронҳои пай дар пай, омадани сел, обхезӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд. «Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз инҳо 720 ҳолати тармафароӣ, 41 ҳолати омадани сел, 32 ҳолати баландшавии сатҳи оби дарёҳо, 23 ҳолати фаромадани ярч, 33 ҳолати заминларза, 21 ҳолати Сангреза (кӯҳпора) ва 13 ҳолати вазидани шамолҳои сахт мебошанд».

Ба иловаи  раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳодисаҳои табиии ба қайд гирифташуда 56 ададашон ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонида, бар асари онҳо 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Февраль 6, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд