С. Абдуқодирзода: «Бузургтарин неъмат барои ҳар як шаҳрванди тоҷик амният ва тинҷию оромӣ дар мамлакат мебошад»

Февраль 2, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Охирҳои моҳи январи соли 2018 дар бинои Консулгарии генералӣ мулоқоти раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  Саидмукаррам Абдуқодирзода бо шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Истанбул ва рӯзноманигорони турк баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро, таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва муқовимат бо неруҳои зиддиконститутсионӣ баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат С. Абдуқодирзода иброз дошт, ки бузургтарин неъмат барои ҳар як шаҳрванди тоҷик- ин амният ва тинҷию оромӣ дар мамлакат мебошад. Маҳз заҳмат ва кӯшишу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамаи сарсониву саргардонӣ, нооромию нотинҷӣ аз болои мардуми тоҷик бардошта шуд.

Зикр гардид, ки дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ адади масҷидҳо ба чор ҳазор расидааст. Бо ташаббуси Сарвари давлат сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома дорад, ки дар он беш 100 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.

Дар давоми 70 соли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ  танҳо 76 нафар шаҳрванди тоҷик адои ҳаҷ намуда буд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин адад солона ба шаш ҳазор нафар мерасад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар масъалаи озодии дин ва виҷдон иброз дошт, ки дарҳои масҷидҳои мо доимо кушода ҳастанд. Ҳатто дар вақтҳои ғайри намоз дарҳои масҷид баста намешаванд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд кафолати озодии дин ва ибодатро бо роҳе, ки онро дуруст мешуморад, таҳия кардааст.

С. Абдулқодирзода гуфт, ки дар хориҷ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ боиси нигаронии мо мебошад. Зеро яке аз омилҳои асосии ҷалб ва шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаромилии террористию экстремистӣ-ин таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи давлат ба шумор меравад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам  фаъолият дорад, ки дорои факултаҳои зиёд буда, дар назди он магистратура низ фаъол аст.

Дар донишгоҳ мутахассисони беҳтарин фаъолият доранд. Аз ин лиҳоз, даъват гардид, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои ғайрирасмии кишвари иқомат даст кашанд ва фарзандони худро дар муассисаҳои таълимии давлатии ҷумҳуриамон таълим диҳанд. Ҳамчунин аз равобит бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ҳастанд, худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон ба ҳозирин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон» ва Қонун  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода шуд.

 

Февраль 2, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст