Саъдӣ Каримзода: «Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 780 нафар занони деҳотро ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифт»
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 780 нафар занони деҳотро дар самти чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, коркарди шир ва пашм дастгирӣ ва ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифт. Дар ин бора имрӯз директори Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ибрози назар кард.
Ба гуфтаи номбурда, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии деҳот яке аз самтҳои муҳиме мебошад, ки давлату ҳукумати мамлакат ба он аҳамияти хосса медиҳанд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа аз дастгирии занони деҳот ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо иборат мебошад. «Дар ин самт 250 оила дар маҷмӯъ бо 5000 сар мурғ бо захираи семоҳа таъмин карда шуданд. 450 зан аз оилаҳои ниёзманд бо 2250 сар бузу гӯсфанд ва хӯроки зимистона барои чорво таъмин гардиданд»,-зикр намуд ӯ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин замина 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оилаи занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин карда шуданд. «Дар маҷмӯъ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф- Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинг зиёда аз 1000 ҷои кори доимӣ таъсис дода шудааст»,-илова намуд Саъдӣ Каримзода.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






