Сафири Тоҷикистон бо Прокурори генералии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Февраль 7, 2018 13:31

ДУШАНБЕ, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Прокурори генералии мамлакат Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ мисли терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Ба мувофиқа расондани санадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ин самт низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри  Душанбе Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён  бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот  доштанд. Зимни ин мулоқотҳо зикр шуда буд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунгузорӣ доранд ва метавонанд барои мусоидат дар таъмини суботу осоиштагӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманди дуҷониба ҷорӣ кунанд.

Февраль 7, 2018 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд