Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар мулоқот намуд

Февраль 12, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус аҳамияти тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.

Сафир даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии «Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид. Даъватнома бо арзи сипос пазируфта шуд.

 

Февраль 12, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд