Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Беларус мулоқот намуд

Февраль 24, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод  бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Бондар Юрий Павлович баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла, масъалаҳои баргузории рӯзҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду давлат, ташкили мубодилаи театрҳо, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар баробари ин, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон соли 2018 муҳокима гардиданд.

 

Февраль 24, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд