САРБАЛАНДОНАЮ ҶАВОНМАРДОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Февраль 23, 2018 15:13

ТОҶИКОБОД, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз ҷаҳду талош  ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар як муддати кӯтоҳ баҳри таҳкиму оромӣ ва суботи ҷомеа, афзун сохтани  қудрати мудофиавии  мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлатӣ, ки дар он замон хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёфтанд, саҳми босазо гузоранд. Хушбахтона, аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ собит намуданд. Ҳамчунин ҷойи ифтихор аст, ки дар масири таърих то имрӯз фарзандони диловари ноҳияи  Тоҷикобод  баҳри  ҳимояи ватан, истиқлолият ва амнияти ҷумҳурӣ ҷонбозиҳо карда, сазовори кадрдонии Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидаанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо субҳи имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ  ба ифтихори    25-солагии таъсиси Артиши миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Комиссари ҳарбии ноҳия Кайҳон Маҳмадшозода иброз намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом дод. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванд ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Пешвои миллат низ борҳо гуфтаанд: «Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд».

Дар ҷамъомад аз ҷавонон даъват карда шуд, ки  дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат намоянд.
 

 

 

Февраль 23, 2018 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд